Гурҷистон ба Ироқ нерӯи бештар мефиристад.

Михаил Саакашвили раиси ҷумҳурии Гурҷистон гуфтааст,ки кишвари вай ният дорад нирӯҳои бештарро ба Ироқ фиристад ва инчунин хостори он аст, ки ҳаимчунин контингенти низомии худро ба Афғонистон ирсол кунад. Гурҷистон феълан ҳудудан 850 нирӯи худро дар Ироқ таҳти раҳбарии нирӯҳои эътилофии Амрико мустақар намудааст. Аммо бо зикри ин ҳама, Саакашвилӣ мушаххасан нагуфт, ки чӣ миқдор нирӯҳои иловагиашро ба Ироқ фиристоданӣ аст. Раиси ҷумҳурии Гурҷистон афзуд,ки Гурҷистон омодаи ирсоли нирӯҳо ба Афғонистон аст, то ки таҳти раҳбарии НАТО дар амалиёти ба эътидоловарии вазъи Афғонистон саҳм бигузорад.