Бар асари оташсӯзӣ дар деҳаи Вешкии ноҳияи Митишии вилояти Маскав шаш муҳоҷири кории тоҷик ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сӯхтор шаби гузашта дар бинои нимсохти маҷмааи варзишӣ ба вуқуъ пайваст. Муҳоҷирин дар бунёди ин маҷмаа кор ва дар ошёнаи дуввуми он зиндагӣ мекардаанд. Сӯхторнишонҳо се шаҳрванди дигари Тоҷикистонро аз ин бино берун оварданд ва онҳо айни ҳол таҳти назари табибон қарор доштанд.
Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, сафорат дар ҷараёни ҳодиса қарор дорад ва ду кормандашро барои таҳқиқи бештар ба ҷойи ҳодиса фиристодааст. Оқои Эгамзод гуфт, дар соли ҷорӣ барои нахустин бор аст, ки шаҳрвандони тоҷик дар Русия тӯъмаи оташсӯзӣ мешаванд. Дар зимистони гузашта дар бораи чандин мавриди қурбони сӯхтор шудаин муҳоҷирони тоҷик дар ину он гӯшаи Русия гузориш шуда буд.