Мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» мегуянд, Тоҷикистон дар мав риди созишномаи ба ихтиёри "РАО ЕС" вогузор кардани 75 дарсади саҳмияи сохтмони ниругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» таҷдиди назар кардааст.
Мувофиқи қонуни ҷамъиятҳои саҳҳомии Тоҷикистон ҳар ҷонибе, ки 75 дарсади саҳмияро дар ихтиёр дорад, ҳаққи комили назорат ва идораи ширкат ба ӯ тааллуқ мегирад.
Сироҷиддин Сайидов муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, аз моҳи майи соли гузашта дар ин замина бо ҷониби Русия музокирот оғоз шуда буд ва акнун тавофуқ ҳосил шудааст. Ба гуфтаи оғои Сайидов саҳми Русия дар ин ниругоҳ то 51 дарсад коҳиш пайдо хоҳад кард ва мутақобилан саҳми Тоҷикистон 49 афзоиш меёбад.
Акнун Тоҷикистон барои ҷустуҷуи манобеъи сармоягузорӣ саргарми музокира бо Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Оғои Сайидов дар ин бора гуфт: «Мо ва ҷониби Русия дар ин маврид ба санади ҳусни тафоҳум имзо гузоштем ва ин санадро ба мақомоти Бонки ҷаҳонӣ ирсол кардем ва акнун ба музокироти худ барои ҷалби сармоя идома медиҳем. Умедворем то ду моҳи дигар ин масъала комилан ҳал шавад.»
Сохтмони нирӯгоҳи «Сангтудаи- 1» аз ҷониби «РАО ЕС»-и Русия дар ҳоли эҳдос аст. То поёни имсол, яъне соли 2007 қарор аст нахустин дастгоҳи он ба кор дарояд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе