Райс: "Талошҳо барои эҳёи сулҳи Исроилу Фаластин идома доранд"

Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, ки эҳтимолан чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна барои баррасии талошҳои ҳалли низоъи Исроилу Фаластин рӯзҳои якум ва дуюми феврал ташкили ҷаласа кунад.


Хонум Райс зимни нишасти хабарии муштарак бо Франк Валтер Штейнмейер вазири умури хориҷаи Олмон дар шаҳри Берлин гуфт, идеяҳои бисйор дар робита ба эҳёи ҷараёни сулҳи Исроилу Фаластин вуҷуд дорад.


Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна аз Иёлоти Муттаҳида, Русия, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо иборат аст.


Кондолиза Райс ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки музокироти шашҷониба доир ба барномаҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ ба зудӣ аз сар гирифта хоҳад шуд.


Дар робита ба Ирон вазири умури хориҷаи Амрико дигарбора иддаъо кард, ки Ирон ба шӯришиён дар Ироқ кӯмаки молӣ ва омӯзишӣ ироа мекунад.


Қарор аст, Кондолиза Райс имрӯз бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кунад.