Талошҳои пайвастаи ҷамоҳири собиқ шӯравӣ дар фишор ба матбуот дар соли 2006-ум густариши бештар доштанд ва фарсоиши зиёдтари озодиҳои шаҳрвандиро дар ин мамолик оинадорӣ мекунанд. Ин натиҷагирии созмони Freedom House ё Хонаи Озодист, ки дар гузориши нави он тазаккур ёфтааст.
Freedom House, созмони пуштибони демокросӣ, марказаш дар Иёлоти Муттаҳида, даҳсолаҳост, фарояндҳои озодманиширо дар сартосари ҷаҳон арзишёбӣ мекунад ва гузориши нави он шоми чаҳоршанбе ба нашр расид. Тибқи он, дарсади кишварҳои озод дар даҳ соли охир зиёд нашуда, ҳолатеро ба миён овардааст, ки муаллифони гузориш "рукуди озодӣ" номидаанд.
Дар гузориш инчунин аз тақвият ва сангарбандии ҳокимияти худкома дар аксари кишварҳои шӯравии пешин сухан рафта, танҳо ба Гурҷистон ва Украина баҳои нисбатан мусбати мӯътадил дода шудааст. Дар як соли гузашта, ба назари Хонаи Озодӣ, мақоми Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноозод низ тағйир надидааст.