Коҳиши мизони интиқоли барқ ба Тоҷикистон

Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба далели сардии зиёди ҳаво дар ин кишварҳо мизони интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистонро коҳиш доданд.


Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, дар асоси мувофақаи қаблӣ бо ин кишварҳо мебоист дар як шабонарӯз ҳудуди 8 миллион киловат соат нерӯи барқ вориди Тоҷикистон мешуд. Аммо сардии ғайримуқаррарӣ дар минтақа боис шудааст, ки ҳаҷми содироти онро ин кишварҳо ба манзури истифодаи дохилӣ ба Тоҷикистон коҳиш бидиҳанд.


Коҳиши содироти нерӯи барқ барои Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини Маркази ҳавошиносӣ дар Тоҷикистон сардии бесобиқа дар рӯзҳои наздикро пешгӯӣ мекунанд. Ва аз сӯи дигар мақомот барои сокинини шаҳрҳои бузург, аз ҷумла пойтахти кишвар дубора реҷаи маҳдуди истифода аз неруи барқро ҷорӣ кардаанд.


Бар асоси мувофақаи қаблӣ, Ӯзбакистон дар давоми моҳҳои марти соли 2007 ба миқдори 600 миллион ва Қирғизистон ҳудуди як миллиард киловат соат нируи барқ ба Тоҷикистон содир хоҳанд кард. Оқои Гулов афзуд, ки дар ин миён масъалаи интиқоли транзитии нирӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон низ ҳал шуда буд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе