Эҳтимоли ҷаҳиш дар қочоқи ҳероини Афғонистон

Рустам Назаров, раиси Бунгоҳи назорати Тоҷикистон бар гардиши маводи мухаддир ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ҳарду гуфтанд, бо сабаби ҳосили рекордии хашхош дар Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ба воситаи Осиёи Марказӣ ҷаҳишомез зиёд хоҳад шуд.


Назаров имрӯз дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, соли гузашта дар Афғонистон 200 ҳазор тонна афюн тавлид шуд, ки ба афзоиши ҷиддии тавлид ва қочоқи ҳероин сабаб хоҳад гашт.


Масъули барномаҳои Дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Кристер Браннеруд гуфт, "коргоҳҳои махфии тавлиди ҳероин метавонанд дар соли 2007 на камтар аз 800 тонна ҳероин истеҳсол кунанд."


Ҳарду сухангӯ тасдиқ карданд, ки панҷяки маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ба воситаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад ва Афғонистон манбаъи 90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳон ба шумор меравад.