Дар гузориш Ҳюман Райтс Вотч ваё Дидбони ҳуқуқи башар омадааст, ки соли 2006 вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шуд. Қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳур, мақомот аз нашри расонаҳои хабарии мустақил ҷилавгирӣ ва чанд тан аз фаъолони мухолифинро равонаи зиндон карданд. Панҷ ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябр пешниҳод карданд ва аммо, ба навиштаи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, мухолифин камнерӯву шикаста боқӣ монд ва аз ин рӯ тавони рақобати ҷиддӣ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмоновро надошт. Даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии кишвар ҳизбро маҷбур сохт, ки аз пешбарии номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳур худдорӣ варзад. Ду ҳизби дигари мухолифи ҳукумат - Ҳизби демократ ва Ҳизби Сотсиал демократ интихоботро таҳрим карданд.
Як бахши гузориши Ҳюман Райтс Вотч ба фишори ҳукумат болои мухолифин бахшида шудааст. Моҳи май узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Саъдулло Маъруфов худро аз қабати саввуми идораи милисаи шаҳри Исфара поин андохт. То ҳанӯз маълум нест, ки ҷаноби Маъруфов бо кадом далел боздошт шуда буд. Ба иттилоъи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ташхиси ҷанозаи Маъруфов собит кард, ки ӯ дар идораи милиса мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Баъд аз ин ду корманди милиса бо гумони даст доштан дар ҳалокати Саъдулло Маъруфов боздошт шуданд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба он нукта низ ишора кардааст, ки ҳарчанд раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳанӯз моҳи октябри соли 2005 аз сӯи додгоҳ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба ӯ то охири моҳи июни соли 2006 ум иҷоза надоданд то бо пайвандон ва вакилони мудофеъаш мулоқот кунад.
Ба навиштаи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, соли 2006 ум фишор болои расонаҳои хабарии мустақил идома кард. Моҳи феврал вазорати мухобирот бо ирсоли як нома ба провайдерҳои Интернет ва телефонҳои дастӣ хостори таъсиси як маркази мухобиротии таҳти назорати ҳукумат шуд. 5 октябр ҳамин вазорат дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ, фергана ру, сентразиа ру, тоҷиктаймс ру, чароғи рӯз ру ва арианашторм. Сомро қатъ кард - ин сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳукумати Тоҷикистон маводи интиқодӣ нашр мекарданд ва аз ин рӯ гуфта мешуд, ки бастани онҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Фақат фишори ҷомеъаи байнулмилалӣ ба дастрасии дубора ба ин сомонаҳо дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кард.
Моҳи январи соли гузашта бо дастури мақомот пахши барномаҳои ягона ширкати телевизионии мустақили Тоҷикистон - Сомониён қатъ гардид. Икром Мирзоев раиси телевизиони Сомониён изҳор дошт, ширкатро барои он муҷозот карданд, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2005 ба аҳзоби мухолиф барои ибрози ақидаҳояшон минбар додааст.
Созмони Ҳюман Райтс Вотч бо такя ба иттилоъи Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Лондон менависад, ки бар асари мушкилоти марбут бо муҷаввиз се ширкати телевизонӣ дар шимоли Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Ҳамзамон, маблағгузории хабаргузориҳои ҳукуматӣ 25 дар сад боло бурда шуд.
10 январи соли 2006 ум ҳукумати Тоҷикистон пахши барномаҳои родиёи Би-Би-Си дар мавҷи FM-ро қатъ кард ва аз ин ширкат хост, ки дар вазорати адлия сабти ном шавад. Масъулони вазорат ангезаи сиёсӣ доштани қатъи пахши барномаҳои Би-Би-Сиро рад карданд. Моҳи июн мавзӯъи сабти номи ширкат ҳал шуд ва БиБиСи хостори идомаи пахши барномаҳо дар мавҷи FM гардид. Ва аммо кумитаи давлатии садову симо ин талабро рад кард, зеро ба гуфтаи масъулини Кумита, ҳукуматҳои Тоҷикистону Бритониё дар мавриди пахши барномаҳои садову симо созишнома имзо накардаанд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин навиштааст, ки 18 сенбяр мақомоти шаҳри Қурғонтеппа хабарнигори радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода ва хабарнигори оҷонсии Авасто Ҷамолиддин Сайфиддиновро зимни ҷамъоварии мавод дар бораи ба пахтачинӣ ҷалб кардани донишҷӯён боздошт карданд.
Ба навиштаи муаллифони гузориши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, моҳи март ҳукумат тарҳи қонуни динро таҳия кард, ки он, аз нигоҳи раҳбарони созмонҳои динӣ, озодиҳои мазҳабии шаҳрвандонро маҳдуд мекард. Аз ҷумла, тибқи санади нав, ҳама созмонҳои мазҳабӣ бояд ҳатман сабти ном шаванд, таълиму тадриси мазҳабӣ бояд таҳти назорати ҳукумат сурат бигирад. теъдоди масоҷид ба карат коҳиш биёбад, сафар ба ҳаҷ аз сӯи ҳукумат идора шавад ва таъсиси созмонҳои мазҳабӣ аз сӯи хориҷиён манъ гардид.
Дар гузориши Ҳумайн Райтс Вотч омадааст, моҳи феврали соли 2006 ум ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди аз байн бурдани ягона каниса ва ё ибодатгоҳи яҳудиҳо тасмим гирифт. Каниса дар минтақаи бунёди Қасри миллат ҷойгир буд. Бахше аз бинои ибодатгоҳ тахриб шуд ва аммо эътирози ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз идомаи тахриби комили синагога ҷилавгирӣ кард. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар менависад, ҳанӯз рушан нест, ки шаҳрдории Душанбе тахриби ибодатгоҳро идома медиҳад ё на.