Таъсиси Иттиҳодияи нави журналистон дар Хуҷанд

Иттиҳодияи муаллимони журналистика бо ибтикори як идда рузноманигорони касбӣ, ки ҳамзамон ба тадриси ин фан дар донишгоҳҳои Тоҷикистон машғуланд, таъсис ёфта, таҳти ҳамин ном ахиран дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст.


Маҳмудҷон Дадобоев яке аз муассисони Иттиҳодияи мазкур мегуяд, ин нахустин чунин - як созмони ҷамъияти дар Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои журналистика ва муҳассилини бахшҳои рузноманигорӣ аст: "Фарки Иттиҳодияи муаллимони соҳаи журналистика аз дигар созмонҳои рӯзноманигорӣ дар он аст, ки созмонҳои дигар хусусияти ҳуқуқиву касбӣ доранд. Вале Иттиҳодияи мо дар самти баланд бурдани донишу таҷрибаи муаллимони соҳаи журналистика фаъолият хохад кард. Имрӯз муаллимони журналистика ниёз ба омӯзиш, усулҳои нави таьлим, адабиёти нав ва мубодилаҳои назар ва таҷриба доранд, таҷрибаомузӣ аз устодони журналистикаи Тоҷикистон ва хориҷ."


Маҳмудҷон Дадобоев афзуд, ки Иттиҳодияи нав барои муаллимони бахши журналистика баргузории семинарҳо, барномаҳои вижаи омузишӣ бо даъвати мутахассисини хориҷиро дар назар гирифтааст.Таъсиси Иттиҳодияи навро иддае аз рӯзноманигорони касбии тоҷик икдоме муҳим дар роҳи кӯмак ба омӯзгорон ва донишчӯёни бахшу факултаҳои рузноманигорӣ мехонанд.


Аммо ба назари бархе дигар, ин гуна созмонҳо ба худии худ наметавонанд вазъи таълиму тадриси фанҳои журналистикаро беҳбуд бахшанд. Ҷура Юсуфӣ - журналист ва омӯзгори собиқи бахши рӯзноманигории донишгоҳи Хучанд: «Албатта, ин хеле муфид аст, аммо ман бовар надорам билкул сохтор ва тарзу усули таълимро дар бахшҳои рӯзноманигорӣ тағйир диҳанд. Чунки ин гуна созмонҳо як муддат фаъолият мекунанд ва аз байн мераванд. Танҳо муаллим мемонаду донишҷӯёни бечора, ки шояд бисёри онҳо ба хотири он ки дохил шудан ба бахши журналистика нисбат ба факултаҳои дигар арзонтар аст, факултаи рузноманигориро интихоб кардаанд.»

Иттиҳодияи нави муаллимони журналистика, ба гуфтаи муассисини он, дар наздиктарин рӯзхо намояндагиҳои худро дар тамоми манотиқи Тоҷикистон боз хоҳад кард.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.