Имрӯз ҷанозаи раиси ҷумҳури собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар мақбараи хонаводагияшон дар мавзеъи Қипчоқи канори Ашқобод ба хок супурда шуд. Дар ин мақбара волидайн ва ду бародари Сафармурод Ниёзов низ мадфунанд.
Сарвари собиқи Туркманистон рӯзи панҷшанбеи 21 декабр аз дунё даргузашт. Иллати марги ӯро табибон бо амрози қалб марбут медонанд, ки Туркманбошӣ чандин сол боз ба он мубтало буд. Маросими видоъ бо раҳбари собиқи Туркманистон субҳи рӯзи якшанбе дар Кохи раёсати ҷумҳур баргузор шуд. Дар ин маросим муовини Котиби давлатии Иёлоти муттаҳида Ричард Баучер, сарвазири Русия Михаил Фрадков, раҳбарони бархе аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ширкат доштанд.
Максим Драбок, як хабарнигори укроин, ки дар ҳайати расмии кишвараш дар маросими видоъ ширкат дошт, ба Родиёи Озодӣ гуфт:
Дар сатҳи раҳбарони давлату ҳукумат 20 ҳайат ширкат дошт. Таври маъмул, ин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ - Эрон, Узбакистон, Қазоқистон, Афғонистон буданд, аз Русия сарвазир кишвар Михаил Фрадков намояндагӣ мекард, аз кишварҳои ғарбӣ бошанд - сафирони онҳо. Дар маросими видоъ аз мақомоти расмӣ касе суханронӣ накард
Таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, ки айни ҳол Туркманистон дар вазъи басо печида ва норушан қарор дорад. Аз як сӯ, Туркманбошӣ касеро ба ҳайси раҳбари ояндаи кишвар ном набурда буд ва ҳанӯз наметавонад гуфт, ки талошҳо барои соҳиб шудан ба курсии раисиҷумҳур бо чӣ поён меёбад. Интизор меравад, ки рӯзи сешанбеи 26 декабр Халқ Маслиҳати, як ниҳоди намояндагони мардум, рӯзи интихоботи ҷадиди раиси ҷумҳурро эълон кунад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, талошҳо барои нуфуз дар ин минтақаи бой аз гозу нафт миёни Ғарб ва Русия дубора шиддат хоҳад гирифт. Қаблан Курбонгулӣ Бердимуҳаммадов, муовини сарвазир ва кафили раёсати ҷумҳури Туркманистон дар нишасти фаврии ҳукумат изҳор карда буд, ки кишвараш аз созишҳои қаблӣ дар мавриди интиқоли газ ба дигар мамолик берун пой нахоҳад гузошт.