Бонки Осиёии Рушд барои бунёди хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 56 миллион доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз ихтисос додааст. Бар ивази ин маблағ, қарор аст, хати 220-киловотии интиқоли барқ аз нирӯгоҳҳои рӯди Вахш то шаҳрҳои Шерхонбардар, Қундуз, Пули Хумрӣ ва Кобули Афғонистон сохта шавад. Руслан Содиқов, масъули тадбиқи лоиҳаҳои намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе гуфт, ин лоиҳа ҳам барои Тоҷикистон ва низ барои Афғонистон аз лиҳози иқтисодӣ судманд аст ва пас аз иҷрои лоиҳаи мазкур ҳарду кишвар қариб 115 миллион доллари амрикоӣ фоида мебинанд.
Ва аммо Тоҷикистон танҳо дар фасли гармо барқро ба Афғонистон содир мекунад, чун дар ин айём нирӯи барқ беш аз ниёз тавлид мешавад. Афғонистон алъон ташнаи барқ аст, системи коркард ва таъмини барқ дар ин кишвар фалаҷ шудааст ва он аз рӯйи реҷаи шадид, танҳо чанд соат дар як рӯз ба аҳолии ин кишвар интиқол меёбад.
Барои татбиқи пурраи лоиҳа - сохтмони хатҳои баландшиддати таҳвили барқ аз нирӯгоҳҳои Тоҷикистон ба хориҷа ҳудудан 110 миллион доллари амрикоӣ тақозо мешудааст. Ҳоли ҳозир ба ҷуз Бонки Осиёии Рушд, инчунин Бунёди байналмилалии ОПЕК ва Бонки Исломии Рушд омодаанд, мутаносибан 8 ва 10 миллион доллар ҷудо кунанд. Қарор аст хати баландшиддати таҳвили барқ то соли 2010 бунёд шавад.
Қарзи Бонки Осиёии Рушдро Тоҷикистону Афғонистон дар зарфи 32 сол бояд бозпас гардонанд. Маблағи тахассусдодаи бонкро ширкати «Барқи тоҷик» ва вазорати обу энержии Афғонистон сар аз соли нав мавриди истифода қарор медиҳанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе