Тоҷикистон: Дар куҷоҳо беш аз ҳама ришва мегиранд?

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом доштааст, ки дар ду соли ахир беш аз панҷсад мавриди ришват ва фасод дар ниҳодҳои давлати ин кишварро ошкор кардааст. Неъматулло Олимов-муовини сардори бахши мубориза бо фасоди Додситонии кулли кишвар гуфт, аз ин теъдод 38 маврид ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тааллуқ мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди бештари коршиносон дар ҳоли ҳозир ришват ва фасодкорӣ дар мақомот ва идороти давлати Тоҷикистон ба сурати мутамаркиз густариш пайдо кардааст.


Абдувоҳид Шамолов - мудири шӯъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи ду соли ахир дар раъси як гурӯҳи муҳаққиқон ба омӯзиши афкори мардум дар робита ба вуҷуди фасод ва ришват дар ниҳодҳои давлатӣ машғул аст, мегӯяд, ин падидаи номатлуб дар бархе аз идороти кишвар ошкоро ба ҳукми амал даромадааст. Оқои Шамолов бо истинод ба маълумоти ҷамъоваришуда дар заминаи омӯзиши назари беш аз 2000 аз шаҳрвандон афзуд, ки фасод ва ришва махсусан дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳ, хадамоти гумруку молиёт ва низ дар бахши ҳифзи сиҳати омма ва омӯзиши парвариш бештар ривоҷ доштааст.


Коршиносон адами матбуоти озод, нодурустии тақсими салоҳият миёни шохаҳои ҳокимият ва бахусус сиёсати нодурусти ҷобаҷосозии кадр дар идороти давлатиро аз авомили умдаи ривоҷи фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Коршиносон ба ин нукта ишора мекунанд, ки дар бештари идороти давлати Тоҷикистон дар заминаи қаробати таборӣ ва ҳаммаҳаллӣ масъулият ба дӯши нафарони ноогаҳ ва ғайриҳирфаӣ вогузор шудааст. Абдувоҳид Шамолов -мудири шӯъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷи фасод ва ришватро як омили хатарофарин ба амнияти миллӣ талаққӣ карда гуфт, иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бар асари он ҳамеша сарду номусоид хоҳад буд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси ислоҳоти сохтори идорӣ минбаъд як Оҷонсии вижае барои муқобала бо фасод ва ҷиноёти иқтисодӣ дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Бар асоси таҳқиқоти ахири Созмони байналмилалии Транспаренси Интернешнл дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам исми Тоҷикистон низ сабт шудааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе