Даргузашти Аугусто Пиночет ва вокунишҳо ба он

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Чилӣ ва байналмилалӣ аз он,ки диктатор Аугусто Пиночет бидуни муҷозот даргузашт, изҳори ноумедӣ кардаанд. Ин гурӯҳҳо мегӯянд ӯ дар ҳодисаҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башар, инчунин қатлу куштор ва шиканҷаи мухолифон дар замони ҳукмрониаш солҳои 1973 то 1990 муттаҳам мебошад.


Гурӯҳи ҳуқуқи башари Афви байнулмилалӣ гуфт ин, ки Пиночет тавонист аз муҳокимаи додгоҳӣ фирор кунад чун ёддоварӣ барои мақомоти Чилӣ ва дигар ҳукуматҳо мемонад,ки ҷиноятҳои ҳуқуқи башар бояд бо суръати зуд баррасӣ шаванд.


Дар дигар вокуниш ИМА диктотурии Пиночетро чун давраи бисёр сахти таърихи Чилӣ арзёбӣ кард.Сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба қурбониҳои аҳди Пиночет ва хонаводаҳои онҳо изҳори тасаллият мекунад.


Соли 1973 Иёлоти Муттаҳида аз кудатои зидди раҳбари сотсиалисти Чилӣ Салвадор Алендеро, ки Пиночетро сари қудрат овард, пуштибонӣ карда буд. Аугусто Пиночет собиқ раҳбари низомии Чилӣ дар сини 91 солагӣ дирӯз дар як бемористони Сантяго даргузашт