Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дигарбора музокироти мустақим ва бидуни пешшарт бо Сурияву Эронро рад кард. Вай рӯзи панҷшанбе ба сиёсати пешгирифтаи худ пофишорӣ кард ва гуфт, пеш аз он ки Амрико бо Эрону Сурия вориди музокироти мустақим шавад, Теҳрон бояд фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро қатъ кунад ва Сурия аз ноором кардани вазъи Лубнон даст бардорад.
Ҷаноби Буш дар ин робита гуфт: "Ин кишварҳо, яъне Эрон ва Сурия акнун фурсате ба даст овардаанд, ки тасмим бигиранд. Агар онҳо мехоҳанд, бо Амрико музокирот кунанд, ин кори осон аст. Танҳо тасмимҳое бигиранд, ки ба сӯи сулҳ мебарад, на ба сӯи муноқиша."
Буш дар ин бора пас аз мулоқот бо нахуствазири Бритониё Тонӣ Блейр сухан гуфт. Раҳбарони ду кишвар эътироф кардаанд, ки бояд шеваи расидагӣ ба бӯҳрони Ироқ тағйир дода шавад. Ва гуфтанд, ки барои ҳимояти ҳукумати Ироқ кори бисёре бояд анҷом дод. Дар ҳамин ҳол гузоришҳои тоза баёнгари вахим гардидани вазъ дар Ироқ аст.
Рӯзи панҷшанбе, ки бар асари бомбгузориву тирандозиҳо дар ин кишвар 23 нафар кушта шуд ва пулиси Ироқ мегӯяд дар гӯшаҳои мухталифи Бағдод ҷасади 35 нафарро пайдо кардааст, ки чашмонашонро баста буданд. Ва низомиёни амрикоӣ хабари марги як сарбози худро дар Ироқ тасдиқ карданд, ки бо ин теъдоди талафоти сарбозони Амрико дар рӯзи панҷшанбе ба 11 нафар мерасад.