Додгоҳи Олии Қазоқистон тасмими ниҳоии хеш дар робита ба бозрасии куштори Олтинбек Сарсенбоев ва ду ёвари ӯро рӯзи 8 декабр эълом хоҳад кард. Петр Своик, ҳуқуқшинос ва яке аз сиёсатмадорон, ки дар мурофиа ба ҳайси намояндаи ҷониби ҷабрдида ширкат дорад, гуфт, ки баъди зӯҳри 7 декабр додгоҳ мурофиаро ба таври ғайримунтазира қатъ карда эълон шуд, ки ба машвара меравад. Вай гуфт, фардо ҳангоми эъломи тасмими Додгоҳи Олӣ ширкат нахоҳанд кард.
Вале то ин лаҳза Рисбек Сарсенбоев, бародари Олтинбек Сарсенбоев бори дигар фармоишгари куштори бародараш будани Ёрҷон Утембоев, сарвари дафтари сенатро зери шубҳа гузоштааст. Ёрҷон Утембоев дар баёноташ гуфтааст, интиқод кардани Олтинбек Сарсенбоев дар соли 2003 ӯро маҷбур кардааст, ки аз вай ниқор гирад. Ин дар ҳолест, ба гуфтаи Рисбек Сарсенбоев, бародараш дар ин мусоҳиба аз Утембоев ном набурдааст.
Баръакс, таи чанд сол Олтинбек Сарсенбоев дар мақолаву мусоҳибаҳояш чанд тан аз мансабдорон, аз қабили Нуртай Абикаев, раиси сенат, Роҳат Алиев, муовини аввали вазири хориҷа ва домоди Нурсултон Назарбоев ва ҳамсари ӯ, Дариға Назарбоева-- депутати парлумон ва худи раиси ҷумҳурро интиқод кардааст. Аз сӯи дигар, Рустам Иброҳимов, ки муттаҳам дар куштори Олтинбек Сарсенбоев ва ду ёвари ӯст, дар мурофиа гуфтааст, ки фармоишгари куштор Ёрҷон Утембоев нест. Людмила Тен, ҳамсари Ёрҷон Утембоев низ гуфт, ки фармоишгари куштор шавҳари вай нест.
Нурлан Устемиров, вакили мудофеи Рустам Иброҳимов гуфтааст, онҳо бо намояндагони мансабдорони баландпоя ба мувофиқаи мардона расидаанд ва агар ҳукми қатлро ба 25 соли зиндон табдил накунанд, вай воқеиятро хоҳад гуфт.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато