Мурофиаи куштори Сарсенбоев дар Додгоҳи Олӣ

Рӯзи сешанбеи панҷуми декабр Додгоҳи Олии Қазоқистон тибқи додхоҳии наздикон ва ҳамсафони Олтинбек Сарсенбоев ба бозрасии куштори сиёсатмадор ва ду ёвари вай шурӯъ намуд.


Ба гуфтаи Жулдуз Тулей, хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодӣ, ки дар мурофиа ширкат дорад, дар ҷараёни мурофиа ҷониби ҷабрдидагон талаб кардааст, хулосаи бозрасҳои амрикоӣ бо истифода аз детектори ошкорсозандаи дурӯғ мавриди пажӯҳиш қарор бигирад ва ин дархостро додгоҳ пазируфтааст. Ҳамчунин, Анвар Калеев--вакили мудофеи ҳамсари Олтинбек Сарсенбоев талаб кардааст, ки номаи ба раиси ҷумҳур навиштаи Ержан Утембоев, сарвари пешини идораи сенати Қазоқистон бояд аз нигоҳи равонӣ таҳлил шавад, зеро ба андешаи оқои Калеев, бовари кас намеояд, ки ин номаи пур аз саҳву хатоҳои имлоӣ ва дорои вожаҳои хоси кормандони пулисро Утембоев навишта бошад. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби вакили додситонӣ рад гардидааст.


Жармахон Туякбой раиси ҳизби дар ҳоли таъсиси сотсиал - демократии Қазоқистон, ки замоне додситони кулл буд, мегӯяд, ҷараёни мурофиа баёнгари он аст, ки он яктарафа идома дорад. Оқои Туякбой афзуд, ки вакили додситонӣ ба ҷои дифоъ аз ҷабрдидагон муттаҳамонро ҳимоя мекунал.


Ёздаҳуми феврали соли равон Олтинбек Сарсенбоев-- ҳамраиси ҳизби Нагз акжол ва ду ёвари ӯ аз
ҷониби ашхоси номаълум рабуда баъд ба қатл расонида шуданд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор, 10 нафар, ба шумули Ерҷон Утембоев, сарвари пешини идораи сенати кишвар ва чанд тан аз кормандони идораи амнияти миллӣ боздошт шуда буданд. Баъди мурофиаи дуюниммоҳа, додгоҳи вилояти Алмаато Ержан Утембоевро чун фармоишгари ин куштор ва Виталий Мирошниковро чун қотил ба муддати 20 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ Рустам Иброҳимовро созмондеҳ ва иҷрокунандаи бевоситаи ин ҷиноят дониста ӯро маҳкум ба қатл кард. Вале наздикон ва ҳамсафони Олтинбек Сарсенбоев бар он назаранд, ки фармоишгарони ҳақиқии ин ҷиноят дигаронанд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато