Аҳмад Иброҳимов сардабири «Хатлон-Пресс» мегӯяд, барои нахустин бор аст, ки дар минтақаи Кӯлоб як оҷонсии иттилоотӣ фаъол гардид. Ҳадафи аслии ин оҷонсӣ барҳамзании халои итилоотӣ ва васли бозори информатсионии минтақа бо олами хабарии кишвар аст.
Қурбоншоҳи Аъламшоҳ - сардабири «Помир Медиа» афзуд:
«то ифтитоҳи ин оҷонсӣ дар ВМКБ на танҳо ягон оҷонсӣ фаъол набуд, балки ба мавзеъ маҷаллаву
рӯзномаҳо намерасид ва сокинони вилоят аз дидани ТВ маҳрум буданд ва «Помир-Медиа» талош хоҳад кард, ки ин камбудро рафъ кунад»
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд набуди қувваи барқ дар минтақа ба фаъолияти комили ин оҷонсӣ сад гузоштааст. Вай мегуяд ба ҳар ҳол ман аз фаъолияти «Хатлон-Пресс» дар Кӯлоб огоҳ нестам.
Қурбоншоҳи Аъламшоҳ меафзояд, «барои бадахшиҳо набуди барқ проблеми кӯҳна аст ва мо ба ин одат кардаем, аз ин рӯ дар ин мавсим бештар аз иросли иттилоот тавассути телефон кор мегирем»
Сарпарасти молии оҷонсиҳои иттилоттии ҷадид дар кишвар Бунёди Сорос аст, ки барои роҳандозии оҷонсиҳо беш аз 20.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.
Сайёфи Мизроб, Душанбе