Нопадид шудани як шаҳрванди уйғуртабори Чин дар Қазоқистон

Сезар Дюбон, намояндаии Кумиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Қазоқистон аз нопадид шудани шаҳрванди уйғуртабори Чин - Аркин Ёрмуҳаммад Содиқ, ки ҷӯёи мақоми паноҳандагӣ буд, изҳори нигаронӣ намуд.


Оқои Дюбон гуфт, ки А.Ё. Содиқ беш аз як моҳ боз нопадид аст. Ӯ гуфт, Ёрмуҳаммад Содиқ моҳи июни соли равон дар Алмаато аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Қазоқистон боздошт шуда буд. Ҳамон лаҳза ҳамсари вай ба намояндагии умури паноҳандагон муроҷиат ва дархост кард, ки ба шавҳараш мақоми паноҳанда дода ӯро аз истирдод ба Чин ҳимоят намоянд. Оқои Дюбон гуфт, ниҳоди ӯ охири ҳамон моҳ аз Вазорати хориҷаи Қазоқистон дархост кард, то бо Ёрмуҳаммад Содиқ мулоқот намоянд. Вазорат намояндагиро итминон бахшидааст, ки баъди бозрасии қазия ин дархост иҷро хоҳад шуд. Вале ба гуфтаи оқои Дюбон, онҳо чунин иҷозаро нагирифтаанд.


Бозрасии қазия чаҳор моҳ идома кард ва баъдан 23 октябр додгоҳи ноҳия иттиҳом алайҳи Содиқро бепоя хонда ӯро озод намуд.Вале аз он вақт то имрӯз касе ӯро надида ва дар борааш чизе ҳам нашунидаанд. Ҳамчунин ба таъкиди оқои Дюбон, то имрӯз онҳо дар бораи дар куҷо будани вай иттилоъи расмие дар даст надоранд. Тибқи иттилоъи шифоҳии расида, имкон дорад, ин шахс ба Чин истирдод шуда бошад.


Оқои Дюбон афзуд, ки бо назардошти чунин ҷараён гирифтани воқеа дафтари Кумиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон ба таври фаврӣ аз ҳукумати Қазоқистон дархост кард, ки ҳолатҳои нопадид шудани ин шахси ҷӯёи мақоми паноҳандагиро бозрасӣ намояд. Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ ҳукумати кишварро дар бораи мукаллафиятҳояш чун кишвари имзокардаи Эъломияи соли 1951 хотиррасон кардааст. Тибқи ин Эъломия, шахси ҷӯёи мақоми паноҳандагӣ ва ё паноҳанда набояд ба кишваре, ки дар он барояш бо сабабҳои нажодӣ, мазҳабӣ, миллӣ, мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё ақидаи сиёсиаш хатар мавҷуд аст, истирдод шавад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато