Бишкек Бишкек дар руёрӯи як нишасти минтақавӣ пиромуни мураттаб кардани қонуни муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Динара Мусобекова-мушовири Бунёди Авруосиё ба радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти минтақавӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар Бишкек сурат гирифт барои танзими муҳоҷирати корӣ Шӯрои машваратӣ таъсис ёфт.
Ба гуфтаи хонум Мусобекова баргузории ҷаласаи нахустини шӯрои машваратӣ 29 ноябр мадди назар аст ва он бо ширкати намояндагони порлумони Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон, ҳамчунин вакилони созмонҳои байналмилалӣ хоҳад гузашт. Динора Мусобекова афзуд,теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия дар ҳудуди 10-12 миллион нафар ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилоъи хонум Мусобекова қисмати аъзами онҳоро муҳоҷирони корие ташкил хоҳанд кард, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Русия шудаанд, вале ниҳодҳои марбут ба муҳоҷирати кории Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар ин маврид рақамҳои мушаххасеро ба Бунёди Авруосиё пешниҳод намудаанд. Ба гуфтаи мушовири Бунёди Авруосиё тибқи маълумоти ироакардаи мақомоти муҳоҷират теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Қирғизистон чаҳорсад ҳазор, аз Ӯзбакистон 620 ҳазор ва аз Тоҷикистон якуним миллион нафарро ташкил мекунад.
Динора Мусобекова афзуд коршиносони умури муҳоҷират бар ин назаранд,ки теъдоди муҳоҷирон ба карат бештар аст. Бино ба маълумоти ин манбаъ ба далели он ки муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия ба таври пароканда кору зиндагӣ доранд, шумори умумии ононро дақиқ муайян кардан кори мушкил аст.
Хонум Мусобекова гуфт,ки тибқи маълумоти хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия фақат дар соли 2005 беш аз 10 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ вориди қаламрави ин кишвар шудаанд, вале ба ватан барнагаштаанд.
Ба ин тартиб баҳси асосӣ дар конфаронси минтақавие, ки рузи чоршанбеи ҳафтаи равон бо иштироки намояндагони порлумони Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ дар Бишкек баргузор хоҳад шуд, ин масъала ба таври густарда мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Коршиносон мегӯянд, ки аъзои Шурои машваратӣ, ки ба тозагӣ таъсис дода шуд, бояд дар атрофи таҳияи қонуне баҳс намоянд, ки он битавонад, муҳоҷирати ғайриқонунии кориро ба танзим дарорад.