Интизор меравад, Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ рӯзҳои шанбеву якшанбеи наздик аз Теҳрон дидан ва бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинаҷот мулоқот кунад. Нишасти ин ду раҳбар дар Теҳрон аз муддатҳо пеш барномарезӣ шудааст. Мақомоти ҳар ду ҷониб гуфтаанд, ки оқои Аҳмадинаҷот барои ширкат дар ин ҳамоиш инчунин раҳбари Сурия Башор Ал Асадро даъват кардааст.
Ироқу Сурия равобити дипломатии хешро дирӯз (21 ноябр) дубора барқарор карданд. Вазири умури хориҷаи Ироқ Ҳушёри Зеборӣ дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои суриягии худ Валид Муаллим иттилоъ дод. Зеборӣ гуфт, ки ду ҷониб аллакай қарордодеро дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ба имзо расониданд. Беш аз 20 сол равобити дипломатии Бағдоду Димишқ қатъ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ироқӣ гузориш медиҳанд, ки дар асари ҳамлаҳои ҳавойии нируҳои амрикоӣ, дар минтақаи Садри Бағдод дасти кам 3 нафар ҷони худро аз даст дода чандин кас ҷароҳат бардоштаанд.