Сандуқи байналмилалии мубориза алайҳи бемории СПИД эълом доштааст ҷиҳати тақвияти мубориза бо бемории норасоии масуният бадан ва сил барои Тоҷикистон 28 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.
Ин маблағ дар чаҳорчӯби як тарҳи вижаи ин созмон ба сурати кӯмаки билоиваз дар ихтиёри Вазорати беҳдошти Тоҷикистон қарор мегирад. Бино ба иттилоъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз маблағи кӯмаки билоивази мавриди назар наздик ба 16 миллион барои муқобила бо бемории сил ва 12 миллион бо ҳадафи тавсеаи барномаи саросарии зидди СПИД- и давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин тақвияти заминаи фанниву моддии муасссисоти дахлдори беҳдоштии ин кишвар мавриди истифода қарор мегирад.
Давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавиии бемории СПИД дар ин кишвар тарҳи роҳбурдии мубориза бо ин бемориро таҳия кардааст. Аммо барои иҷрои ин барнома Тоҷикистон ба кӯмакҳои фанниву молии созмонҳои байналмилалӣ ниёз дорад.