Кумитаи марзбонии Узбакистон марзбонони тоҷикро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард

Рӯзи душанбе (20 ноябр) Кумитаи марзбонии Узбакистон куштори як марзбони ин кишвар дар марз бо Тоҷикистонро амали ҷиноӣ номид. Ин ниҳод бо эҳсосе, ки онро нигаронии амиқ унвон кард, афзуд, танҳо соли равон 24 дафъа марзбонони Тоҷикистон ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.


Дар ин бора, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта изҳороте пахш намуда, бо ибрози таассуф таъкид карда буд, ки гурӯҳи марзбонони Узбакистон дар минтақаи Пахтаобод марзро убур намуда, ба хоки Тоҷикистон дохил шуда буд. Бар илова, марзбонони узбак ба амри марзбони тоҷик таваҷҷӯҳе нишон надоданд.


Ва аммо дар мавриди изҳороти ахири Кумитаи марзбонии Узбакистон, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, «То кунун, марзи муштараки ду кишвари ҳамсоя пурра аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳ-гоҳ марзбонони узбак худсарона хатти марзро убур мекунанд ва вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Ин амал марзбонони тоҷикро водор месозад, барои огоҳ намудан ва пешгирӣ аз убури ғайриқонунӣ чора ҷӯянд. Ва аммо ин маънои онро надорад, ки марзбонони тоҷик алайҳи марзбонони узбак аз зӯр кор мегиранд.»