Ҳукумати Русия иқдомоташ ба манзури аз мағозаву бозорҳои ин кишвар танг кардани шаҳрвандони хориҷиро густариш медиҳад. Сарвазири Русия Михаил Фрадков рӯзи чоршанбе ба қароре имзо гузошт, ки тибқи он, аз 15 январи соли 2007 истихдоми атбоъи хориҷӣ барои кор дар дӯкону мағозаҳои фурӯши машруботу дорувор комилан манъ шуда, дар соъир соҳоти фурӯши чакана бо 40 дарсад маҳдуд карда хоҳад шуд. Маҳдудияти чилдарсадӣ низ танҳо то 1 апрели соли оянда ба қувваи худ барҷой монда, аз он ба баъд, бо қарори ҳукумат, кормандони мағозаҳову бозорҳо бояд саддарсад аз ҳисоби фақат аҳолии маҳаллӣ истихдом шаванд. Оқои Фрадков барои истихдом дар ин ришта ташвиқ кардани мардуми маҳаллиро як далели аслии судури чунин қарор ном бурдааст.
Бештари онҳое, ки то кунун дар бозорҳои Русия тиҷорат мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна мебошанд. Аз ҷумла ҳазорон нафар аз садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик низ ҳамасола рӯзии худу хонаводаҳои худро дар бозорҳои Русия пайдо мекарданд. Танҳо дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав, бино бар ҳисоби созмони "Тоҷик -Диаспора", ҳудуди 17 000 шаҳрванди Тоҷикистон машғули кор, аз ҷумла тиҷорат мебошанд.
Қарори нави ҳукумати Русия то поёни соли 2007 амал мекунад ва вазорати беҳдошти он кишвар дастур гирифта, ки то 15 ноябр пешниҳодоташ дар мавриди фисади мумкини истихдоми атбоъи хориҷӣ дар муассисаҳои тиҷории Русияро барои соли 2008 ироа кунад. Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё дар Русия ҳадди ақал ҳаққи умдафурӯширо пеши шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ хоҳанд гузошт ё ин ҳам хайр.