Интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузоршуда эълон шуд

Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи раиси ҷумҳурии ин кишварро баргузоршуда эълон намуд.


Бино бар иттилоъи ин ниҳод, то соати 12-и нисфирӯз беш аз 65,3 дар сади афроде, ки соҳиби раъй ҳастанд, аз ин ҳаққи худ истифода бурдаанд.


Фисади раъйҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон:


вилояти Бадахшон - 68,9 %
вилояти Суғд - 68,7 %
вилояти Хатлон- 66,7 %
ноҳияҳои тобеъи марказ - 61,1 %
шаҳри Душанбе - 56,4 %


Бино бар ҳарфи Кумиссиюни марказии интихобот ҳудуди се миллиону чаҳорсад ҳазор сокини Тоҷикистон ҳаққи раъй доранд. Дар кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3.200 қитъаи раъйдиҳӣ боз шудааст. Хориҷ аз кишвар дар 16 давлат қитъаҳои раъйдиҳӣ низ боз шудааст.


Панҷ нафар номзадии худро ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ намудаанд:
1) Бобоев Олим, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ,
2) Ғаффоров Абдулҳалим, раиси Ҳизби сотсиалистӣ,
3) Қароқулов Амир, раиси Ҳизби кишоварзӣ,
4) Раҳмонов Эмомалӣ, Ҳизби халқӣ-демократӣ
5) Талбаков Исмоил, Ҳизби коммунист