Ихтисоси қарзҳои нав ба бонкҳои Тоҷикистон

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсиа (EBRD) гуфт, ба саввумин бонки бузургтарини Тоҷикистон "Тоҷиксодиротбонк" дуюним миллион доллар қарз ҷудо мекунад. Ба ғайр аз ин бонки мазкур ба созмони молиявии "Имон", 1 миллион доллари дигар қарзи боимтиёз хоҳад дод. Дар баёнияи EBRD, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, созишнома дар ин маврид рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе имзо шуд ва қарзҳои мазкур ба созмонҳои молиявии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи ихтисоси қарзҳои кӯчак ба ин кишвар ҷудо мешавад.




Бар тибқи ин барнома, ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсиа, то кунун чаҳор ниҳоди молии ҳамкори бонки мазкур дар Тоҷикистон барои тавсиаи соҳибкории хурд ва миёна, ба 16 ҳазор тоҷири тоҷик тақрибан 49 миллион доллар қарзҳои хурди боимтиёз додаанд. Ба гуфтаи масъулони EBRD, барномаи ихтисоси қарзҳои кӯчак барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бисёр мусоидат кардааст ва қарор аст, ин барнома соли оянда ниҳодҳои молии зиёдтарро фаро бигирад ва тавсиа ёбад.