НХ
Қарор аст имруз дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон тазоҳуроти бузурги эътирозӣ баргузор шавад. Ҳамаи мақомоти давлатӣ, пулис ва сокинони пойтахт худро ба ин тазоҳурот омода мекунанд. Интизор меравад, ки Ҷунбиши Барои Ислоҳот ҳудуди даҳ ҳазор нафарро дар назди бинои ҳукумат дар Бишкек гирдиҳам меорад ва онҳо ворид овардани ислоҳот дар Қонуни Асосӣ, ислоҳоти дигар ва ҳатто истеъфои Қурмонбе Боқиевро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ тақозо кунанд.
Дар ҳоле, ки мухолифон аз ислоҳот шиъор медиҳанд ва мегуянд, ки ҳар қадр зарур аст барои иҷрои хостаҳояшон исрор хоҳанд кард, давлати Қирғизистон эъломияе пахш кардааст. Дар он гуфта мешавад, "Ҳоло Қирғизистон дар таърихи худ буҳронитарин марҳаларо паси сар мекунад."
Дар ин эъломия ҳамчунин омадааст, ки давлат мухолифонро ба хештандориву хирад ва ҳамкорӣ даъват карда, хостори ҳамкорӣ бо ҳамаи нируҳои сиёсӣ шудааст. Дируз аз 71 намояндаи порламон 25 нафар муроҷеъатномае нашр карданд. Онҳо аз раиси ҷумҳур ва нахуствазир тақозо карданд, ки агар роҳи ҳали буҳрони Қонуни Асосиро пайдо накунанд, бояд аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд. Масъала ин аст, ки Қурмонбек Боқиев қавл дода буд, то аз чанд тарҳи пешниҳодшудаи Қонуни Асосӣ як тарҳи ҷадид таҳия хоҳад шуд. Вале дар ин кор саҳлангорӣ идома дорад. Омурбек Тикебоев-яке аз раҳбарони мухолифин ба родюи Озодӣ гуфт, дар музокироте, ки то ҳол анҷом гирифтааст, натиҷае ба даст наомадааст:
"Мо ба ҳеҷ натиҷа нарасидем. Раҳҳбарияти кунунӣ омода нест пешниҳодҳоеро, ки ҷунбиши мо яъне Ҷунбиш барои Ислоҳот матраҳ кардааст, бипазирад. Барои ҳамин мо аз пешниҳодҳои худ ҳимоят мекунем. Мо аз ҳамаи ҷонибдорони худ даъват мекунем, ки 2-юми ноябр дар хиёбони марказии Бишкек ба тазоҳурот пайванданд".
Аммо Мелис Эшимқулов-яке дигар аз ширкаткунандагони музокирот ва раҳбарони мухолифон мегуяд, Қурмонбек Боқиев розӣ шудааст, ки баъзе пешниҳодҳои мухолифинро бипазирад. Баъзе аз шоҳидони айнӣ, ки аз Қирғизистон боздид кардаанд, мегуянд ин кишвар дар фақру бенавоӣ ба сар мебарад ва барои онҳо ҳоло масъалаи муҳим гузарони зиндагист ва онҳо дар бораи ислоҳот дар Қонуни Асосӣ фикр намекунанд.