Комиссиюни Аврупо барои ислоҳоти бахши кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва беҳбуди идораи масорифи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон 18 миллион евро ихтисос дод. Андриан Ван Дер Мейер, раиси дафтари Комисиюни Аврупо дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳадаф аз ихтисоси ин маблағ - мусоидат ба ислоҳоти сохторӣ дар ин кишварҳои Осиёи Марказист. Ӯ афзудаст, ки Комисиюни Аврупо аз ин баъд низ ба Тоҷикистону Қирғизистон дар пиёда кардани ислоҳот кумак хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Мейер, Комисиюни Аврупо вазъи минтақаро хуб дарк мекунад ва мехоҳад аз роҳи ислоҳоти сохторӣ ва ислоҳот дар бахши кишоварзӣ дар коҳиши фақр дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ саҳм бигирад.
Комисиюни Аврупо даҳ сол пеш барои ислоҳоти сохторӣ дар Осиёи Марказӣ 109 милион евро ҷудо карда буд.
Комисиюни Аврупо даҳ сол пеш барои ислоҳоти сохторӣ дар Осиёи Марказӣ 109 милион евро ҷудо карда буд.