Баррасии интихоботи Тоҷикистон дар Кумисиюни Ҳелсинки

Як гурӯҳ аз коршиносони Осиёи Миёна пешгӯӣ кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ба осонӣ дар интихоботи шашуми ноябр дигарбора ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузида хоҳад шуд.


Коршиносон рӯзи панҷшанбе (26 октябр) дар Вошингтон дар Кумисиюни Ҳелсинкии Омрико ҳузур ёфтанд. Ин кумисиюн як ниҳоди давлатии Омрикост, ки бар наҳваи иҷрои Паймони 1975-и Ҳелсинки назорат мекунад.


Онҳо оқои Раҳмоновро ба хотири таҳикми субот дар кишвар сутуданд ва ба хотири хафа кардани мухолифони сиёсӣ сарзаниш карданд. Онҳо ҳамчунин дар мавриди эҳтимоли ривоҷи сиёсатҳои ҷангсолорона дар манотиқи рустоӣ, ба дур аз дастрасии тамому комили давлати марказӣ, ҳушдор доданд.


Деннис де Трей, мудири пешини идораи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Миёна, Тоҷикистонро "яке аз маъдуди кишварҳои муваффақи баъд аз низоъ дар ҷаҳон" унвон кард. Вай афзуд, ки оқои Раҳмонов кишварро амнтар ва шукуфотар кардааст ва "бахши аъзами ноамниро хунсо кардааст."


Аммо вай гуфт, ки яке аз умдатарин чолишҳои пешорӯи Тоҷикистон дар оянда доду ситади ғайриқонунии маводди мухаддир аст, ки аз Афғонистон бармеояд:


"Танҳо мавриди бисёр хатарнок барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон аст. Тоҷикистон бо Афғонистон як марзи ҳазоркилуметрӣ дорад. Аслан қобили тасаввур нест, ки ин тиҷорат чи миқдор оидот доштааст. Пули ҳосил аз он ба ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, эҳтимолан ба ҷуз аз Қазоқистон, наздик аст. Асароти фарсояндаи ин пул то кунун дар Қирғизистон мушоҳида шудааст ва ба назар намерасад ин асарот ба зудӣ рафъ шавад."


Дар ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифов, сафири Тоҷикистон дар Вошингтон низ гувоҳӣ дод. Вай гуфт, дар остонаи интихоботи 6 ноябр 18000 нозири интихоботии маҳаллӣ омӯзиш дидаанд.

Ҷузъиёти бештари мавзӯъ ин ҷост