Мушовири Путин истеъфо кард

Олег Орлов, як мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия гуфтааст, ки ба хотири ихтилофи назараш бо раисиҷумҳурӣ Владимир Путин дар мавриди рӯзноманигори мақтул Анна Политковская мақоми мушовирии раёсати ҷумҳуриро тарк кардааст.


Оқои Путин ҳафтаи гузашта гуфт, ки қатли ин рӯзноманигори мунтақиди Кремлин як "ҷинояти нафратовар" аст. Вай афзуд, ки қатли Анна Политковская ба Русия бештар аз гузоришҳои ӯ латма задааст.


Олег Орлов, ки раиси гурӯҳи мудофеъи ҳуқуқи башар мавсум ба "Мемориал" аст, гуфт, ки номаи истеъфоашро ба Шӯрои раёсати ҷумҳурии Русия барои тарвиҷи ҷомеъаи маданӣ ва ҳуқуқи башар таслим кардааст. Ин шӯро зимни интишори баёнияе таъйид кард, ки номаи истеъфои Олег Орловро дарёфт кардааст.


Анна Политковская рӯзи 7 октябр кушта шуд. Бозрасон мегӯянд, ки қатли вай эҳтимолан бо гузоришҳояш дар бораи Чеченистон иртибот доштааст. Анна Политковская аз мунтақидони сарсахти корзори низомии Маскав дар Чеченистон буд.