Нишасти ҳаводорони Искандаров дар ҲДТ

DR
Рӯзи якшанбе (1 октябр) раёсати Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Душанбе нишасте созмон дод ва мавзӯъи шиносоии расмии Масъуд Собиров ба унвони раҳбари ин ҳизб аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистонро баррасӣ кард.


Ахиран вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собиров, раҳбари ҷиноҳи "Ватан"-и ҲДТ-ро ба унвони раҳбари расмии Ҳизби Демкорат шиносоӣ кардааст. Ҳаводорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ҲДТ дар нишасти якшанбе хитоб ба созмонҳои байналмилалӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баёнияе тасвиб карданд ва аз вазорати адлия хостанд, ки далели шиносоии расмии раҳбари ҷадидро тавзеҳ диҳад.


Садорати душанбеии Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ зимни маҳкум кардани иқдоми вазорати адлия аз шаҳрдории Душанбе хостааст, ки ба онҳо иҷозаи баргузории тазоҳуроти эътирозиро бидиҳад.


Раҳматулло Валиев, муъовини Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ҲДТ, дар гуфтугӯ бо Озодӣ пешниҳоди Масъуд Собиров мабнӣ ба иҷоди эътилофро рад кард.


Матни комили гуфтугӯ ин ҷост.