Ширкати амрикоӣ соҳиби корхонаи Анзоб шуд

Холиқи Сангин
Тоҷикистон Корхонаи коркарди маъдани Анзобро ба як ширкати амрикоӣ мавсум ба «Сомsup» фурӯхтааст.
Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон, гуфт ин корхонаро ширкати амрикоӣ ба маблағи 3 миллион доллар харидорӣ кардааст.


Умарҷон Зарипов - масъули фурӯши корхонаҳои давлатии кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди имзои шартномаи дар мавриди хариду фурӯш, корхонаи Анзоб таввасути ширкати амрикоӣ идора хоҳад шуд, вале фаъолияти он дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон доир ба корхонаҳои хориҷӣ сурат мегирад. Амрико ба корхонаи маъдани Анзоб, ки умдатан хокаи сурма тавлид мекунад,, ҳудуди 4 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.