Ба гузориши бахши узбакии Озодӣ, бародарзодаи Ислом Каримов, раисиҷумҳурии Узбакистон, як ҳафта пеш нопадид шудааст. Алишер Каримов мегӯяд, ки бародараш Ҷамшед рӯзи 12 сентябр пас аз аёдати модараш дар бемористоне дар шаҳри Ҷиззах, дар маркази Узбакистон, нопадид шудааст.
Маргарита, модари Ҷамшед Каримов, мегӯяд, бими онро дорад, ки писарашро Сервиси Амнияти Миллии Узбакистон дастгир карда бошад.
Ҷамшед Каримов, ки 39 сол дорад, тайи солҳои зиёд ба унвони як хабарнигори мустақил кор кардааст ва барои сомонаи интеренетии рӯ ба мухолифони ferghana.ru ва Муассисаи Гузоришгарони Ҷанг ва Сулҳ, мустақар дар Ландан матолибе менавишт.
Гуфта мешавад, ки вай бо Улуғбек Ҳайдаров, як гузоришгари дигари аҳли Ҷиззах иритбот доштааст, ки рӯзи панҷшанбе (14 сентябр) ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуд. Бастагони оқои Ҳайдаров мегӯянд, ки иттиҳомот ҷаълист.
Ҷамшед писари Арслон Каримов - бародари аршади Ислом Каримов аст, ки 17 сол пеш дар як тасодум кушта шуд. Ҷамшед Каримов пайваста аз Ислом Каримов интиқод кардааст. Ду сол пеш мардони ношинос дар хиёбонҳои Ҷиззах ба Ҷамшед Каримов ҳамла карданд.