Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба Тоҷикистон меояд

graphic/>Қарор аст, рӯзи одина (8 сентябр) оқои Ҳаддоди Одил бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурӣ, Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллӣ, Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дидору мулоқот кунад.


Дар меҳвари ин гуфтушунуд масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Теҳрону Душанбе қарор хоҳад гирифт. Бо зикри ин матлаб Анастасия Аҳмадова - мушовири дафтари матбуъотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар суҳбат бо сомонаи интернетии ozodi.org гуфт, ки субҳи рӯзи одина боздиди оқои Ҳаддоди Одил аз пойтахти Тоҷикистон аз ширкат дар нишасте ба муносибати 15-умин солрӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон шурӯъ хоҳад шуд.


Ҳамчунин дар ҳамон рӯз дар як нишасти сеҷониба мулоқоти раисони порлумонҳои Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд. Юнуси Қонунӣ - раиси Маҷлиси суфло (поёнӣ)-и порлумони Афғонистон бо Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил як дидори муштарак анҷом хоҳад дод.


Шомгоҳи рӯзи 8 сентябр қарор аст ҳайъати баландпояи эронӣ Душанберо ба қасди Теҳрон тарк кунад.