Қатли яке аз сарони эҳтимолии Ҳаракати исломии Туркистон

ма
Нирӯҳои амниятии Қирғизистон мегӯянд, як раҳбари эҳтимолии Ҳаракати исломии Туркистонро ба қатл расондаанд, ки ҳангоми хизмат дар Вазорати вазъи изтирории Тоҷикистон унвони афсарӣ гирифтааст.


Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Қирғизистон гуфт, Расул Охунов дар ҷараёни як амалиёти ногаҳонӣ дар шаҳри Ӯш кушта шуда, дар манзили зисти муваққатии ӯ силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, Расул Охунов ҳамчунин яке аз ширкаткунандагони ҳамлаи 12-уми май ба постгоҳҳои марзии Тоҷикистон дар Лаккони Исфара ва даргириҳо дар Қадамҷойи Қирғизистон будааст.


Намояндаи Нирӯҳои амниятии Қирғизистон мегӯяд, зодаи вилояти Намангони Ӯзбакистон Охунов аз сарони Ҳаракати исломии Туркистон буда, аз таслим шудан сарпечӣ кард ва як афсари амниятиро ба зарби гулӯла захмӣ кардааст.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек