Туркия дигарбора шоҳиди бомбгузорӣ шуд

Бино ба гузоришҳо бар асари якчанд инфиҷор дар як минтақаи саёҳатии Туркия дастикам 27 нафар, аз ҷумла 10 шаҳрванди Бритониё захмӣ шудаанд. Се инфиҷор дар Мармарис дар соҳили дарёи Миёназамин дар нимашаби гузашта ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.


Бино ба гузоришҳо, инфиҷор дар як мусофирбари хурд 10 бритониёӣ ва 11 шаҳрванди Туркияро захмӣ барҷой гузошт. Дар инфиҷори дигар дар ноҳияи Боғчилари шаҳри Истанбул дар шомгоҳи якшанбе шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. То кунун касе масъулияти ин инфиҷорҳоро ба дӯш нагирифтааст.