Тоҷикистон 7 000 000 ҷамъият дорад

Аз ин ба баъд дар бораи Тоҷикистон наметавон гуфт, ки беш аз шаш милюн ҷамъият дорад. Зеро бомдоди рӯзи якшанбе (13 август) шумори ҷамъияти кишвар ба рақаме мушаххастар расид ва ҳафт милюн шуд.


Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳафтмилюнумин сокини кишвар субҳи рӯзи якшанбе, 13 август дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе чашм ба ҷаҳон гушуд. Вай афзуд, ки ҳамакнун сиҳҳати модару кӯдак хуб аст ва рӯзи сешанбе, 15 август, онҳо зоишгоҳро тарк мекунанд. Ва танҳо баъд аз он шаҳрдорӣ номи ҳафтмилюнумин сокини Тоҷикистонро эълом хоҳад кард.


Шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаи ин кӯдак як хонаи нав тақдим кунад. Интизор меравад, рӯзи сешанбе ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар манзили феълии падару модари ин кӯдак ҷашни бошукӯҳе бигиранд.