Инфиҷорҳо канораҳои шаҳри Бейрутро такон дод

Исроил субҳи имрӯз (3 август) ҳамлаҳои ҳавоӣ ба камингоҳҳои эҳтимолии Ҳизбуллоҳ дар канораҳои шаҳри Бейрутро аз сар гирифт. Хабаргузориҳо мегӯянд, дастикам садои се инфиҷор дар маҳаллаи Доҳия ба гӯш расид. Ва артиши Исроил гуфт, ки ҳангоми ҷанг бо размандагони Ҳизбуллоҳ дар маҳаллаи Айт-уш-Шаъаб дар ҷануби Лубнон як сарбози исроилӣ кушта ва чаҳор тани дигарашон захмӣ шуданд. Бад-ин гуна шумори сарбозони талафдодаи Исроил дар ҷанги беш аз сеҳафтаӣ ба 37 нафар расид.


Ва рӯзи чаҳоршанбе Исроил зери мӯшакборони шадиди Ҳизбуллоҳ қарор гирифт.Ин созмон дирӯз ба манотиқи шимолии Исроил беш аз 230 мӯшак андохт, ки бар асари он дастикам як нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи гузоришҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии дирӯзаи Исроил дастикам 11 ғайринизомӣ ва се сарбози лубнонӣ ба ҳалокат расидаанд.


Эҳуд Олмерт - нахуствазири Лубнон рӯзи чоршанбе гуфт, то замони истиқрори як нерӯи қавии байналмилалӣ дар ҷануби Лубнон амалиёт бар зидди Ҳизбуллоҳро идома хоҳанд дод.