Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон баъд аз зуҳри чаҳоршанбе (26 июл) дар раъси як ҳайъати расмии кишвараш ба ҷамъи сарони Ирону Тоҷикистон дар Душанбе пайвастаст.
Дар ин ҳайъат оқои Карзайро Рангин Додфари Спанто, вазири хориҷа, Залмай Расул, мушовири амнияти миллӣ, Муҳаммад Исмоъилхон, вазири энержӣ ва об, Ҳабибуллоҳи Қодирӣ, вазири мубориза алайҳи маводди мухаддир, Муҳаммадамини Фарҳанг, сарпарасти вазорати иқтисод ва Сурайё Пайкон, муъовини вазорати таҳсилоти олӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манобеъи расмии Афғонистон, ҳадаф аз ин сафар ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи Ирону Афғонистону Тоҷикистон, имзои нуҳ қарордоди дуҷониба бо Тоҷикистон ва се қарордоди сеҷониба аст, ки умдатан марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубориза бо маводди мухаддир хоҳад буд.
Ҳайъати Афғонистон ба ҳамроҳи ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Ирон ба бӯстонсарои давлат дар Душанбе рафтанд ва дидори сетарафа оғоз шуд. Қарор аст дар поёни ин дидор тавофуқномаҳои ҳамкорӣ миёни се кишвар ба имзо бирасад. Интизор меравад раисони ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистону Ирон тарҳҳои марбут ба энержӣ ва роҳу роҳсозӣ миёни се кишварро баррасӣ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе (25 июл) гуфт, ки ҳамкориҳои сетарафа миёни Ирон, Афғонистон ва Тоҷикистон бисёр муҳим аст, зеро Тоҷикистон мехоҳад нирӯи барқи худро аз тариқи Афғонистон ба Ирон содир кунад.
Ҳамчунин интизор меравад соъати ҳафти шомгоҳ ба вақти душанбе нишасти хабарии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон баргузор шавад.