Таъсиси созмонҳои ноҳияии ду ҳизби дигар дар Тоҷикобод

Ду ҳизби тозабунёди Кишоварзӣ ва Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон созмонҳои маҳаллии худро дар ноҳияи шарқии Тоҷикобод таъсис додаанд. Ҳусниддин Абдуллоев, ки раиси бахши ноҳиявии ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шудааст, гуфт, онҳо мехоҳанд дидгоҳи худ дар бораи роҳҳои рушди иқтисодии мавзеъро таҳия карда ва дар маърази баррасии мақомоти ноҳия қарор диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҳизбҳои собиқадори кишвар дар бораи ташкили ситоди пешазинтихоботии худ дар ноҳияи Тоҷикобод хабар дод. Қосим Асадов, масъули бахши ноҳиявии ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, омодагӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр аз ҷумлаи вазоифи аслии истода дар пеши ситоди ҳизби онҳост.
Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод 4 ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар созмонҳои маҳалли худро сабти ном кардаанд.
Маҳмуди Шодӣ, Тоҷикобод - Рашт