Як исроилӣ ва 11 ғайринизомии лубнонии дигар кушта шуданд

Рӯзи сешанбе (18 июл) мӯшакҳои бештаре аз Лубнон ба шимоли Исроил партоб шуд, ки дар натиҷа як нафар кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.


Мӯшакҳо дар шаҳраки Наҳория ба як сохтмони дутабақа исбота кард ва дар шаҳри Ҳайфо низ фуруд омад. Ин бор аз талафоти ҷонӣ дар Ҳайфо гузориш нашудааст.


Мақомоти исроилӣ мегӯянд, аз замони асорати ду сарбози исроилӣ тавассути ҷунбиши Ҳизбуллоҳ то кунун, садҳо мӯшаки Ҳизбуллоҳ ба хоки Исроил партоб шудааст. Артиши Исроил имрӯз ҳам иқдоме талофиҷӯёна ба ҷануби Лубнон ҳамалоти ҳавоӣ анҷом дод, ки бар асари он дастикам 11 фарди ғайринизомӣ ва ҳадди ақал нуҳ сарбози лубнонӣ дар сарбозхонае дар атрофи шаҳри Бейрут кушта шуданд.


То кунун бар асари ҳамалоти ҳавоии Исроил дар Лубнон 215 нафар кушта шуданд, дар ҳоле ки ҳамалоти мӯшакии Ҳизбуллоҳ дар шимоли Исроил 25 кушта ба ҷо гузоштааст.


Имрӯз ҳам хуруҷи даҳҳо ҳазор хориҷӣ аз хоки Лубнон идома дошт.