Муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Ҷумъабой Ниёзов мегӯяд, аъзои ин ҳизб аз боқӣ мондани раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Боздоштгоҳи вазорати адлияи Тоҷикистон нигаронанд ва ин амалро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ниёзов афзуд, тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ пас аз як ҳафтаи эълони ҳукм шахси маҳкумшуда бояд аз Боздоштгоҳи тафтишоти пешакӣ, яъне СИЗО ба маҳбаси умумӣ интиқол дода шавад, вале бо вуҷуди он ки аз эълони ҳукми Искандаров 6 моҳ мегузарад, ин талаби қонун иҷро нашудааст. Муовини раиси ҲДТ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, шароити СИЗО аз маҳбас фарқ дорад, аз ҷумла дар ҳоли интиқол ёфтанаш ба маҳбаси умумӣ Искандаров ҳақ пайдо хоҳад кард бо хешу наздикон ва дӯстонаш пайваста мулоқот кунад ва рӯзона дар ҳавои боз гардиш кунад. Дар ҳоли ҳозир, тибқи қоидаҳои нигаҳдошт дар Боздоштгоҳи тафтишоти пешакии вазорати адлияи Тоҷикистон Искандаров 1 соат дар шабонарӯз метавонад ба ҳавои боз барояд ва дар шаш моҳи ҳабс танҳо 1 бор бо модараш мулоқот кардааст.
Раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров пас аз рабуда шуданаш дар Маскав ба таври асроромез ба Тоҷикистон интиқол дода шуд ва дар моҳи октябри соли гузашта бо айбномаи терроризм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.