Бозсохти шоҳроҳи Душанбе -- Хуҷанд -- Бӯстон -- Чаноқ, ки 410 километр тӯл дошта, пойтахти Тоҷикистонро бо марзи Ӯзбакистон дар ноҳияи Масчо васл мекунад, охири ин моҳ расман оғоз хоҳад ёфт. Интизор меравад, дар маросими муаррифии ин барнома намояндагони баландпояи ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон ширкат варзанд. Тибқи барнома ҳамаи пулҳо дар масири шоҳроҳ тармиму бозсозӣ шуда, дар зери ағбаи Шаҳристон нақбе канда хоҳад шуд ва бари роҳ васеътар хоҳад гашт. Намояндаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, барои оғози кор ширкати давлатии роҳу нақлиёти Чин аввалин техника ва таҷҳизотро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва тибқи барнома, бозсохти роҳ ҳамзамон дар чаҳор нуқтаи гуногуни он шурӯъ шуда, қарор аст дар ду сол ба поён расад. Харҷи умумии тарҳ ба 300 миллион доллар баробар аст ва беш аз 90 дарсади онро ҳукумати Чин дар шакли воми дарозмуддат хоҳад пардохт. Таваҷҷӯҳи мақомоти чиноӣ ба тармиму бозсохти роҳи Душанбе то Чаноқ дар охири соли гузашта ба назар расида буд. Аммо пас аз нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонҳай ин тарҳ аз тарафи раҳбарони Чин ва Тоҷикистон ба имзо расид. Қарор аст, шоҳроҳи нав бахше аз пайвандҳои барномаи байнулмилалии "Долони Шимол--Ҷануб" бошад ва ба воситаи шоҳроҳи нави Душанбе -- Панҷи Поён ва Афғонистон, Эрон ва Покистон масир гирад.