Иброҳим Қамбарӣ муовини Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури сиёсӣ панҷшанбеи 15 июн бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дидору мулоқот намуд. Ин дидор, ки ба таври хос ва дар манзили шахсии раҳбари ҲНИТ сурат гирифтааст , гуфта мешавад ҳудуди як соат идома дошт. Муҳиддин Кабирӣ муовини Раиси ҲНИТ, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт ба радиои Озодӣ гуфт дар мулоқоти раҳбари ин ҳизб ва мақоми аршади СММ рӯи масоили мухталиф табодули афкор сурат гирифтааст. Муҳиддин Кабирӣ афзуд дар мулоқот Иброҳими Қамбарӣ муовини дабири кулли СММ аз таҷрибаи нодир ва муваффақи сулҳи тоҷикон ёддовар шуд ва гуфт имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон берун аз ин кишвар мавриди истифода қарор дорад.
Аз сӯи дигар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таваҷҷуҳи мақоми аршади СММ-ро ба вуҷуди бархе аз мушкилот дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, минҷумла ҲНИТ маътуф дошт ва бо ишора ба ин матлаб гуфт эҷоди мавонеъ аз сӯи мақомоти давлатӣ дар роҳи фаъолияти аҳзоби расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломи ин кишвар боис шудааст, ки фаъолияти ҳизби мамнуъаи таҳрир дар Тоҷикистон торафт густариш ёбад.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мулоқоти худ бо Иброҳим Қамбарӣ ҳамчунин аз қазияи куштори Саъдулло Маъруфов яке аз фаъолони ҳизби мазкур дар минтақаи шимоли кишвар ба унвони намунаи боризи эъмоли фишор ва эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъолияти аъзои ҲНИТ ёдовар шуд
Дар мулоқоти Сайид Абдуллои Нурӣ ва Иброҳим Қамбарӣ - муовини дабири кулли СММ афзун бар ин мавзуъи интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ матраҳ будааст. Оқои Кабирӣ гуфт сарвари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо ироаи пешниҳодот ба манзури ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон гуфтааст бидуни таъмини мустақилияти кори Кумисюни марказии интихобот ва ҷилавгирӣ аз дахолати мақомоти давлатӣ ба раванди интихобот баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона дар кишвар имконопазир аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шавкат Саидов сухангӯи шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Иброҳим Қамбарӣ - муовини дабири кулли СММ иброз доштааст иродаи сиёсии раҳбарияти Тоҷикистон бар он аст, ки интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар ин кишвар дар муҳити озоду демократӣ баргузор гардад.
Муовини дабири кулли СММ Иброҳим Қамбарӣ ҳамчунин рӯзи панҷшабеи 15 июн бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ дидору гуфутӯ анҷом додааст.