Гурги ҳорӣ ду сокини ноҳияи Айниро захмӣ намуд. Даррандаи ваҳшӣ болои ду сокини деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ ҳамла кард, вале сокинони маҳалла ба қатли гург муваффақ шудаанд. Аз ибтидои соли равон гургҳо се дафъа болои сокинони водии Зарафшон ҳамла кардаанд. Ду ҳафта пеш як гург шабона ба деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент ҳамла карда, нуҳ нафар ва аз ҷумла се зану як кӯдакро маҷрӯҳ намуда буд. Пеш аз он дар таърихи 8-уми феврал дар ноҳияи Панҷакент гург 15 касро газида буд.