Сарпарасти Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Раҳматуллоҳ Валиев имрӯз дар мулоқот бо котиби сафорати Амрико дар Душанбе хостори дидор ва гуфтугӯ бо сафири Амрико Ричард Ҳоугланд шудааст. Оқои Валиев гуфт, ки мехоҳад дар ин мулоқот бо сафир ду масъала - ҷараёни омодагии аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва қазияи раиси зиндонии ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дар миён гузорад.
Раҳматуллоҳ Валиев гуфт, вакили мудофеъи оқои Искандаров аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ишкоят бурда ва пайвандони ӯ ба кумитаи ҳуқуқи СММ муроҷиъат кардаанд. Ва аммо маркази ҲДТ мегӯяд, муроҷиъати Анна Ставитская, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба додситонии шаҳри Королёви вилояти Маскав бо талаби барои бозпурсӣ ба Русия даъват кардани ӯ ба ҳайси шоҳиди мустақими рабуда шуданаш бенатиҷа анҷом ёфта, ва додситонии Королёв бо тардиди ин талаб гуфтааст, ки ба ин манзур, яъне барои бозпурсии Искандаровро як ҳайъати муфаттишинро баръакс ба Душанбе мефиристад. Анна Ставитская акнун аз ин қарори додситонии Королёв ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе