Вазорати дифоъи Амрико феҳристи ҳамаи 759 нафаро, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо ба сар бурданд, ё ба сар мебаранд, нашр кардааст. Дар ин феҳрист номи тақрибан 200 тан аз маҳбусон бори аввал нашр шудааст. Fммо сухангӯи вазорати дифоъи Амрико аз додани тавзеҳот дар ин бора, ки оё дар ин феҳрист чанд асири дигар дар Гуантанамо таҳти боздошти дигар мақомоти амниятии Амрико қарор доранд, худдорӣ варзидааст. Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ҳоло дар Гуантанамо танҳо 480 маҳбус боқӣ мондааст. Бар асоси маълумоти нашршуда, аз охири соли 2001 то ҳол, яъне аз замони оғози амалиёти зидди террор дар Афғонистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ ба боздоштгоҳи Гуантанамо интиқол дода шудаанд. Синни ин афрод аз 25 то 53 сол буда , аксаран дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд.
Номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар феҳристи мунташираи вазорати дифоъи Амрико чунин аст:
1. Шарифов Рукниддин Файзиддинович, 33-сола.
2. Набиев Юсуф, 42-сола.
3. Воҳидов Собит ( ё Абдулмуҳид) Валихонович, 36-сола.
4. Солеҳов Маъруф Салимович, 28-сола.
5. Абдуллоев Умар Ҳамзаевич, 27-сола.
6. Эргашев Абдулкарим, 41-сола.
7. Саъдӣ Идиев, 53-сола.
8. Лну Умаров Муҳибуллоҳ.
9. Мазҳариддин Фну, 26-сола
10. Ҷумъа Ҷон, 28-сола.
11. Фазлуллоҳ Меҳрубон, 43 сола
Тобистони соли гузашта нафаре, ки дар ин феҳраст бо номи Ҷумъа Ҷон зикр шудааст, ба муфаттишони амрикоӣ гуфта буд, ки исми аслии вай Зайналобуддин буда, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва моҳи июли соли 2003 дар Мазори Шариф уро тасодуфан дар ивази каси дигар бо номи Ҷумъа Ҷон боздошт ва ба Гуантанамо бурдаанд.
То моҳи августи соли гузашта дар Гуантанамо 11 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд. Моҳи августи соли гузашта 5 нафари онҳо аз Гуантанамо раҳо шуданд.