Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, нерӯҳои амниятӣ амалиёт ба зидди гурӯҳи тундравонеро, ки аз хоки Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон ворид шуда буданд, хотима доданд.
Маркази матбуоти дафтари раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Хадамоти марзбонии ин кишвар гуфтанд, ки чаҳор афроди мусаллаҳ ки онҳоро тундравон хондаанд, ҳангоми ин амалиёт кушта ва як тани дигар дастгир шудааст.
Афроди мусаллаҳ субҳи ҷумъа дар посгоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон панҷ сарҳадбонро куштанд, ки се тани онҳо сарҳадбонони тоҷик будаанд.
Тибқи гузоришҳо, ду афсари пулиси Қирғизистон ҳангоми даргирии рӯзи гузашта маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот афроди мусаллаҳ қабл аз вуруд ба қаламрави Қирғизистон аз посгоҳи марзии Тоҷикистон автомат ва дигар анвои аслиҳаро бо худ гирифтаанд.