Марзи Тоҷикистону Афғонистон бо нурҳои лазерӣ дидбонӣ хоҳад шуд

Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон мехоҳад, барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар тамоми масофаи он хатҳои лазерӣ ё нурафган насб кунад. Сафаралӣ Сайфуллоев, муовини аввали раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин барнома дар ояндаи наздик бо кӯмаки молӣ ва фании ҳукумати Ҷопон амалӣ хоҳад шуд. Дар натиҷа, афзуд ӯ, як низоми омехта аз симхор ва нурҳои лазерӣ бунёд хоҳад шуд.
Коршиносон бар инанд, ки сабзидани дарахту буттаҳо кори марзбононро дар ошкор кардан ва боздоштани қочоқбарон мушкил месозад. Ҷумъахон Сайдалиев, коршиноси мустақил, ки ба пажӯҳиши масъалаҳои марздорӣ машғул аст, мегӯяд, агар марз бо шабакаи нурҳои лазерӣ ҳифз шавад, қочоқ коҳиш хоҳад ёфт, ҳарчанд ин барнома харҷи зиёд мехоҳад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе