Оё аъзои фирқаи собиқи Маҳмуд Худойбердиев таъқиб мешаванд?

Мушовири раҳбари идораи СММ дар Тоҷикистон Валдемар Рокашевский ба мардуми азиятдида машварат додааст, ки бо СММ дар тамос шаванд:

"Ҳамин телефоне, ки Шумо ҳоло бо мо дар тамос шудед.
221-01-10. Онҳо бояд шикояташонро ба Лилия Захариева раиси бахши ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон расонанд. Вақте ин иттилоъ ва ё шикояти қобили эътимод ба дасти мо расид, мо ба ин ва ё он тарз дар паи ҳалли он хоҳем шуд.
"

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ фаъоли ҳуқуқи занон рӯзноманигори нашрияи "Бомдод"-и шаҳри Қӯрғонтеппа Моҳшариф Қурбонзода ҳам гуфт, ки ӯ сокини ноҳияи Колхозобод аст, вале то ҳол ин гуна арзу шикоятро нашунидааст.
Рӯзе чоршанбе гурӯҳе аз занони хатлонӣ модарону ҳамсарони собиқ сарбозони бригадаи таъйиноти махсуси вазорати мудофиа маъруф бо номи бригадаи Маҳмуд Худойбердиев бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тамос гирифта, иддао доштанд, ки одамони либоси милиса дар тан онҳоро азият дода, талаб мекунанд, ки макони буду боши наздиконашонро ошкор намоянд. Зани 38 сола бо номи Зебо, ки худро ҳамсари сарбоз Муҳаммад Муҳаммадиев муаррифӣ кард, аз ҷумла гуфт:


"Ман сокини ноҳияи Шаҳритус ҳастам. Шавҳарам ду сол дар бригадаи Маҳмуд Худойбердиев хидмат кард. Ду сол боз хабаре надорам, ки зинда аст ё мурда. Чор фарзанд дорам. Ҳар рӯз дастзӯрҳо омада, маро азият мекунанд. Мегӯянд, ки шавҳаратро ёфта деҳ. Агар наёбӣ фарзандонат калон шуданд, онҳоро мебарем. Ҳолу моламонро мебаранд. Як сӯм агар фарзандонамон аз Русия биёранд, аз худ мекунанд. Ман номам Зебо ҳамсари Муҳаммад Муҳаммадиев мебошам. Шавҳарам нест. Намедонам, ки дар куҷо аст."

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон Худойназар Асоев ҳам машварат дода буд, ки мардуми азиятдида ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилояти Хатлон муроҷиат кунанд ва ҳатман ниҳоди амнияти дохилии вазорат ба доди онҳо хоҳад расид.
Дар солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон садҳо хонаи истиқомативу муассисаҳо мошину дигар анвои моликият аз даст ба даст гузаштанд. Вале имзои созиши сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997 ҳукумат ба бозгардони моликияти мардум ба соҳибони ҳақиқӣ зиёд талош варзид. Ҳазорҳо фирории бозгашта хонаҳо ва муассисаҳои хусусиашонро бозпас гирифтанд. Моҳшариф Қурбонзода мегӯяд, ҳанӯз ҳам баъзан қазияҳои ҳалношуда ба чашм мехӯранд ва маълум нест, ки оё аслан ҳалли он пайдо хоҳад шуд ё не?
Вилояти Хатлон дар маркази муқовимати шаҳрвандии миёни тоҷикон қарор дошт ва дар оғоз Маҳмуд Худойбердиев ва бригадаи зери раҳбарии ӯ аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекард. Баъди имзои созиши сулҳ Худойбердиев бар зидди ҳукумат ду шӯриши ноком роҳандозӣ намуд. Дар Тоҷикистон то ҳанӯз пайравони ӯ мавриди таъқиб қарор доранд ва мақомот онҳоро дар чандин ҷинояти вазнин масъул аз ҷумла куштори раиси донишгоҳи вазорати мудофиаи Тоҷикистон масъул мешуморанд.