Ҳамоиши байналмилалие, ки субҳи имрӯз, 18 апрел дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, масоили марбут ба истифодаи фанновариҳои муосири иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар соҳоти идораи давлат, иқтисод, маориф ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Институти ҷомеаи боз - бунёди мадад, ки яке аз мубтакирони баргузории ин конфронс аст, мегӯяд, дар ҷамоатҳои Сомониён ва Ҳисор ба тариқи таҷрибавӣ тарҳи тадриҷи фанновариҳои муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар ҳоли татбиқ аст ва дар ҷараёни кори конфронс, ширкаткунандаҳои он аз ин ҷамоатҳо дидан хоҳанд кард. Гуфта мешавад, идораи электронӣ, ки ба қавли дигаре, «Ҳукумати электронӣ» истилоҳ касб кардааст, маҷмӯъи хадамотест, ки давлат тавассути фанновариҳои муосир ба ҷомеа ироа медорад. Дар сурати комилан пиёда сохтани ин тарҳ, аҳолӣ имкон пайдо мекардааст, дар идораи ҳукумат мушоракати фаъъолонатар дошта бошад.